Хабарҳо
Ҷаласа оиди фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021
Санаи 27-уми июли солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласа доир ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Эраҷ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” -и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.
Эълон
Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии соли 2021, барои интихоби ширкати аудиторӣ, озмун эълон менамояд.
Натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли 2021
Санаи 21–уми июли соли ҷорӣ тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2021, бо иштироки доираи васеъи рўзноманигорони ВАО-и дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.
Ҷаласа доир ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021
Санаи 17-уми июли соли ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” вобаста ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., ва Сайфзода Ш.Ҷ., муовини Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсат Худоёрзода Худоёр, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, Директори Департаменти назорати бонкии БМТ Шарипов Фируз, Сардори Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ Ахмедов Иттифоқ, сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ва мудирони филиалҳои Амонатбонк баргузор гардид.